Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Моликӣ ба Муқтадо Садр


Нахуствазири Ироқ Нурӣ-Ал-Моликӣ имрӯз ба рӯҳонии шиъамазҳаб Муқтадо Ал Садр ҳушдор дод, ки дар сурати барҳам надодани нерӯҳои мусаллаҳаш, ҷунбиши сиёсии он аз ҳаққи ширкат дар ҷараёнҳои сиёсӣ маҳрум карда хоҳад шуд. Нурӣ-Ал-Моликӣ дар ин бора ҳангоми сӯҳбат бо телевизиони Си Эн Эн сухан гуфт.
Дар ҷангҳои хунини охири моҳи март миёни мусаллаҳони Артиши Маҳдӣ ва нерӯҳои ироқӣ садҳо нафар куштаву маҷрӯҳ шуданд. Дар набардҳои парокандаи рӯзи якшанбе миёни ду тараф дар маҳалли Шаҳри Садр дар Бағдод дасти кам 20 нафар ҷон дода ва 50 тани дигар захм бардоштанд.

XS
SM
MD
LG