Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости нави Амрико аз Эрон


Давлати Эрон мегӯяд, ки дархости Амрико барои баргузории даври нави мулоқот барои баррасии амният дар Ироқро дарёфт кардааст. Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон Муҳаммад Алӣ Ҳусайнӣ гуфт, давлати кишвараш дар ҳоли баррасии ин дархост аст. Мақомоти Амрикову Ироқ то кунун дар робита ба ин хабар ибрози назар накардаанд.
Мақомоти Эрону Амрико соли гузашта се маротиба дар Бағдод доир ба роҳҳои беҳбуд бахшидан ба авзои Ироқ гуфтугу карданд, аммо музокироти чаҳорум чанд дафъа ба таъхир андохта шуд. Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, ки Эрон бо тамрину таъмини тундравони ироқӣ дар ин кишвар хушунатҳоро доман мезанад. Аммо давлати Эрон ин иддаъоро рад карда ва мегӯяд, ки ҳузури нерӯҳои Амрико дар Ироқ сабаби хушунатҳо мешавад.

XS
SM
MD
LG