Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмерт ва Аббос мулоқот мекунанд


Раиси маъмурияти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос имрӯз дар Байтулмуқаддас бо сарвазири Исроил Эҳуд Олмерт дидор ва гуфтушунид хоҳад кард. Интизор меравад, дар ин нишаст вазифаҳои иҷрокардаи ду тараф дар роҳи эҳёи раванди сулҳ баррасӣ шаванд. Тибқи тарҳи сулҳе, ки Иёлоти Муттаҳида аз он пуштибонӣ мекунад, Исроил мебоист, манзилҳои ғайриқонуниро дар қаламравҳои ишғолӣ тахриб карда, маҳдудиятҳои убуру мурурро лағв менамуд. Дар посух фаластиниҳо мебоист аз ситезаҷӯён ҷилавгирӣ мекарданд. Мулоқотҳои Олмерт ва Аббос мунтазам ба амал омада, дар паҳлуи гуфтушунидҳои сулҳ идома мекунанд.
XS
SM
MD
LG