Пайвандҳои дастрасӣ

Машъали олимпӣ вориди Порис шуд


Машъали олимпиадаи Пекин имрӯз вориди Порис, пойтахти Фаронса гашт. Интизор меравад, ки дар ҷараёни гузарондани он аз моварои шаҳр намоишҳои эътирозӣ бапо шавад. Биноъан ҳайате, ки машъалро пеш мебарад, дар ҳалқаи полис ва кормандони амният ҳаракат мекунад. Ҳангоми сайри машъали олимпӣ дар Лондон тӯдаҳои эътирозгар ба варзишгарон ва намояндагони Чин дарафтоданд, то машъалро аз дасти онҳо бирабоянд. 36 нафари онҳо боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG