Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабс дар толори маҷлис дар вилояти Хатлон


Собиқ вакили маҷлиси ноҳияи Мӯъминободи Тоҷикистон Саъдулло Раҳимов дар толори шӯро ба ҳабс гирифта шуд. Боздошти ӯ дар ҳоле ба амал омад, ки пас аз овоздиҳии шашбора вакилон ӯро аз дахлнопазирии депутатӣ маҳрум карданд. Тавре хабар дода будем, додситонии минтақаи Кӯлоби вилоятии Хатлон Раҳимовро дар куштор, суистифода аз мансаб ва чанд ҷурми дигар айбдор карда, аз вакилон лағви ваколати ӯро дархост мекард. Охирин таҳдиди додситонӣ муроҷиат ба Маҷлиси Миллии Тоҷикистон буд бо талаби пароканда кардани маҷлиси ноҳиявӣ. Аз 30 вакил танҳо 17 нафар ба лағви мандати Раҳимов рой доданд.
XS
SM
MD
LG