Пайвандҳои дастрасӣ

Тахриби қабри мусулмонон дар Фаронса


Қабри 148 мусулмони ҳалокшуда дар Ҷанги ҷаҳонии аввал дар қабристони шаҳраки Арраси Фаронса аз тарафи афроди номаълум таҳқир шудаанд. Харобгарон ба рӯи санги қабрҳо шиорҳои зиддисломӣ навишта, дар миёни онҳо сари хук устувор кардаанд. Президенти Фаронса, Николас Саркозӣ ин амалро ҳамчун нажодпрарастии номақбул маҳкум ва бо мусулмонони кишвараш ҳамдардӣ баён кард.
XS
SM
MD
LG