Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Вуянович дар интихоботи Монтенегро


Филип Вуянович бори дигар президенти давлати кучаки Монтенегрои Балкан интихоб шуд. Вай дар овоздиҳии рӯзи якшанбе пуштибонии 51 дарсади интихобкунандагонро ба даст овард. Рақиби асосии ӯ -- Андрия Мандич, ки ба наздикии бештар бо Сербия даъват мекунад наздик ба 20 дарсад овоз гирифт. Ин нахустин интихоботи президентии Монтенегро баъд аз ҷудо шудани он аз Сербия дар соли 2006 аст. Ин кишвар ҳамагӣ 600 000 нафар аҳолӣ дорад.
XS
SM
MD
LG