Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар шаҳраки Садр камаш 20 ироқӣ кушта шуданд


Тибқи гузоришҳои расида имрӯз дар Бағдод бар асари бархӯрдҳои мусаллаҳона миёни ҷангҷӯён ва нерӯҳои ироқӣ камаш 20 кас кушта ва 50 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Дар ин бархӯрд нерӯҳои ИМА сарбозони ироқиро дастгирӣ кардаанд.
Муноқишаи мусаллаҳона дар яке аз маҳаллаҳои қашшоқи шаҳраки Садр ба вуқӯъ пайвастааст, ки дар натиҷаи он калонтарин бозори озуқаи Бағдод-бозори Ҷамила ба коми оташ кашида шуд. Шаҳраки Садри Бағдод пойгоҳи рӯҳонии шиамазҳаби зиддиамрикоӣ Муқтадо Ас-Садр мебошад.
XS
SM
MD
LG