Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мизони таваррум дар Эрон ба 18,4% баробар шудааст


Вазири иқтисоди Эрон мегӯяд, ҳукумат дар назорати таваррум ноком шудааст. Хабаргузории Ирно аз нақли вазири иқтисод ва молияи Эрон Довуди Дониш овардааст, ки " сарфи назар аз бонки марказӣ фаъолияти ҳукумат дар акасари соҳаҳои иқтисодиро мусбат арзёбӣ мекунад, барномаи коҳиши таваррум амалӣ нашуд." Бонки марказии Эрон дар таърихи 19-уми март, яъне охири соли хуршедӣ, гузориш дод, ки соли гузашта мизони таваррум дар Ҷумҳурии Исломӣ ба 18,4% баробар буд. Тибқи омори расмии Эрон як сол пеш таваррум ба 13,5 % мусовӣ буд.
XS
SM
MD
LG