Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Буш ва Путин аз мулоқоти Сочӣ эҳсоси мусбат доранд


Президенти Русия Владимир Путин ва раисҷумҳури ИМА Ҷорҷ Буш мегӯянд, сарфи назар аз таъкид рӯи баъзе ихтилофҳо, ду раҳбар аз баррасии ин масъалаҳо эҳсоси мусбат доранд.
Ҳангоми нишасти муштараки матбуотӣ дар шаҳри Сочии соҳили баҳри Сиёҳ Путин гуфт, Маскав ҳамоно ба бунёди сипари зиддимушакии ИМА дар Аврупои шарқӣ мухолиф аст.
Дар айни замон раҳбари Русия бо эҳтиёт хушбинӣ намуд, ки дар ниҳоят ду ҷониб метавонанд ба мувофиқат расанд ва пешниҳодҳои амрикоии эҷоди эътимод дар ҳоли татбиқи онҳо имкон доранд, ба василаи " муҳиму қобили истифода" табдил ёбанд.
Дар ҷавоб президент Буш гуфт:
"Мо мувофиқат кардем, ки ИМА ва Русия мехоҳанд бо ҳадафи додани посух ба таҳдидҳои эҳтимолии мушакӣ низоме танзим намоянд, ки дар он ИМА, Русия ва Аврупо ҳамчун шарики баробарҳуқуқ иштирок кунанд. Ин диди нерӯманду муҳими стратегӣ мебошад."
Президенти ИМА гуфт, ӯ аз кӯшишҳои вуруди Русия ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат пуштибонӣ мекунад ва Вашингтон саъй дорад, қонуни давраи Ҷанги Сардро, ки рушди тиҷорат бо Русияро ба вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар марбут месозад, лағв намояд.
Дар Сочӣ ИМА ва Русия дар мавриди "чорчӯби стратегӣ" барои пешбурди равобити ояндаашон ба мувофиқат расиданд.
XS
SM
MD
LG