Пайвандҳои дастрасӣ

Эътироз дар назди сафорати Ҳолланд дар Теҳрон


Рӯзи шанбе гурӯҳи хурди донишҷӯёни эронӣ дар назди сафорати Ҳолланд дар Теҳрон ҷамъ шуда, ба нишони эътироз аз намоиши филми вакили мардумии ин кишвар Геерт Вилдерс ба тарафи бино сангу тухм ҳаво доданд.
Полис ба зудӣ донишҷӯёнро муҳосира намуда, аз назди сафорат дур кард. Бисёриҳо бар ин назаранд, ки филми Вилдерс зери унвони "Фитна" зиддиисломӣ мебошад. Дар он иқтибосҳо аз Қуръон ва видеонаворҳои ҳамлаҳои террористӣ омезиш ёфтаанд. Муаллиф суханрониҳои рӯҳониёни исломии ифротгароро намоиш дода, иддао мекунад, ки Қуръон мусулмононро ба хушунат дар муқобили мардуми ғайримусулмон ташвиқ мекунад.
XS
SM
MD
LG