Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машъали олимпӣ хатти сайрашро тағйир намедиҳад


Мансабдори воломақоми Чин дар Тибет изҳор намудааст, ки сарфи назар аз эътирозҳои ҳомиёни ҳуқуқ машъали бозиҳои олимпии Пекин аз ин кишвари кӯҳӣ убур хоҳад кард. Ҷанг Квинклӣ мақоми баландпояи ҳизби коммунисти Чин дар Тибет дар саҳифаи интернетии ҳукумат навиштааст, ки хатти сайри машъал тағйир намеёбад. Фаъолони Тибет мухолифи вуруди машъали бозиҳои олимпии тобистони соли равон ба кишвари онҳо буда, аз мақомоти Чин тағйири хатти сайри онро талаб карданд. Ба ин муносибат на танҳо дар тибет, балки дар чандин кишвари олам гирдиҳамоиҳои эътирозӣ барпо шуда буданд.
XS
SM
MD
LG