Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирзо Мастонгулов даргузашт


Раҳбари нахустин ширкати шахсии ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон СомонЭйр ва собиқ раҳбари ТоҷикЭйр Мирзо Мастонгулов даргузашт.

Субҳи имрӯз, 6 апрел кормандони СомонЭйр ба хонаи Мирзо Мастонгулов, ки дар танҳоӣ мезист, омада ва ҷасади ӯро ёфтаанд.


Мирзо Мастонгулов 69 сол дошт. Профессор Мастонгулов солҳои зиёд вазоифи гуногуни халабонии ҳавопайморо бар дӯш дошт. Аз соли 1991 то соли 2001 раҳбари ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон (феълан, ТоҷикЭйр) буд. Моҳи феврали соли 2001 бо хоҳиши худ аз ин вазифа истеъфо дод.


Бо таъсиси нахустин ширкати ҳавопаймоии шахсӣ дар Тоҷикистон мавсум ба СомонЭйр дар соли 2005 раҳбарии онро бар дӯш гирифт. Панҷуми январи соли 2008 нахустин парвози СомонЭйр аз Душанбе ба Маскав сурат гирифт.

XS
SM
MD
LG