Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Сочӣ Буш бо Путин вохӯрд


Рӯзи шанбе ба хотири мулоқот бо президенти феълии Русия Владимир Путин ва президенти мунтахаби ин кишвар Дмитрий Медведев президенти ИМА Ҷорҷ Буш вориди шаҳри Сочии Русия шуд. Аснои вуруд ба ин шаҳри соҳили баҳри Сиёҳ Ҷорҷ Буш бо ҳамсараш бо Владимир Путину ҳамсараш мулоқоти кӯтоҳе баргузор намуданд. Вале мулоқоти асосии раҳбарон рӯзи якшанбе доир гашта, дар анҷоми он Буш ва Путин нишасти матбуотӣ барпо мекунанд. Ҳафтаи равон мушовири президенти Русия Сергей Приходко гуфт, зоҳиран ин охирини дидори Бушу Путин дар мансаби раҳбари давлатҳо мебошад. Приходко ёдовар шуд, ки аз соли 2001-ум то ин замон президентҳо Буш ва Путин 23 дафъа дар музокироти дутарафаву бисёрҷониба вохӯрдаанд.

XS
SM
MD
LG