Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бағдод роҳиби насронӣ кушта шуд


Имрӯз дар маркази Бағдод силоҳбадастон як роҳиби ортодокси ошӯриро ба қатл расонданд. Ҳангоми таркиши бомби канори роҳ дар як автобус дар пойтахти Ироқ 3 нафари дигар кушта шуданд.
Мансабдорони амниятии Ироқ мегӯянд, ки Юсуф Одил усқуфи калисои Пётри муқаддас аз дасти силоҳбадастони савори мошин ба қатл расид. Ҳамчунон мансабдорони амниятӣ мегӯянд, дар шаҳраки Садри Бағдод бар асари таркиши бомб дар дохили автобус 3 кас ҳалок шуданду камаш 16 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.
XS
SM
MD
LG