Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати Урал Эйр дар хидмати мусофирони кӯлобӣ


Маъмурияти фурӯдгоҳи шаҳри Кӯлоб бо ризояти ҷонибайн аз хадамоти ширкати русии Оренбург Эйр даст кашидааст. Акнун парвозҳо дар хат-сайри Кӯлоб-Маскав ва Кӯлоб- Екатеринбургро ширкати ҳавоии Урал Эйр иҷро мекунад. Ба гуфти мансабдорон сабаби қатъи ҳамкорӣ нархи баланди чиптаҳои парвоз дар ширкати Оренбург Эйр будааст. Вале дар сӯбҳат бо хабарнигори Радиои Озодӣ мусофирон гуфтаанд, ки ширкати нав нархи роҳкироро тақрибан бетағйир мондааст.
XS
SM
MD
LG