Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе боз газ таркид


Бар асари таркиши баллони газ боз дар як манзили истиқоматии пойтахти Тоҷикистон оташсузӣ ба амал омад. Бар тибқи иттилои хадамоти оташнишонии шаҳр, сухтор дар яке аз манзилҳои бинои панҷошёнаи маҳаллаи Зарафшон-2 дар натиҷаи истифодаи нодурусти баллони газ сурат гирифтааст. Аммо, ба гуфти Муҳаммадрӯзӣ Толибов, як масъули раёсати оташнишонии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ин бардошти ниҳоии ҳодиса набуда, санҷиш идома дорад. Ҷаноби Толибов гуфт, ин таркиш ягон талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст ва танҳо манзил қисман сӯхтааст. Ӯ гуфт, дар муддати кӯтоҳ сухтор хомуш карда шуд.

XS
SM
MD
LG