Пайвандҳои дастрасӣ

108 000 000$ даромади оилаи Клинтон дар 7 сол


Собиқ президенти ИМА Билл Клинтон ва ҳамсараш Ҳилларӣ аз соли 2000-ум то охири соли 2007-ум 108 миллион доллари ИМА даромад доштаанд. Ин иттилои идораи андозро ситоди интихоботии Ҳилларӣ Клинтон ба табъ расонд. Дар он омадааст, ки танҳо аз ҳисоби суханрониҳо Билл Клинтон 51 миллион доллар касб кардааст. Аз ин миён оилаи Клинтон дар ҳафт соли гузашта 33 миллион доллар андоз супурда, 10 миллион доларро барои корҳои хайр масраф намудааст. Дархости нашри эъломияи идораи андозро Ҳилларӣ Клинтон бо тақозои рақибаш дар интихоботи президентии ИМА сенатор Барак Обама интишор намуд.
XS
SM
MD
LG