Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба қавли Тибетиҳо дар эътироз боз 8 кас кушта шуд


Гурӯҳҳои муҳоҷири тибетиҳо мегӯянд, ки дар натиҷаи ошӯбҳои нав дар Тибет камаш ҳашт кас ба ҳалокат расиданд. Гурӯҳи Тибети озод, ки қароргоҳаш дар Лондон аст, мегӯяд, рӯзи панҷшанбе полиси Чин сӯи издиҳоми роҳибони буддоӣ ва мардуми осоишта тир кушод. Издиҳом бар зидди боздошти роҳибон дар вилояти Сиҳуан эътироз дошт. Хабаргузории расмии Синҳуаи Чин гузориш додааст, ки аснои эътирозҳои вилояти Сиҳуан як мансабдори ҳукуматӣ захм бардоштааст, вале Синҳуа дар бораи марг ва ҷароҳати эътирозгарон чизе нанавиштааст.
XS
SM
MD
LG