Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин филми покистонӣ дар Ҳиндустон


Барои нахустин бор дар 45 сол дар Ҳиндустон филми покистонӣ намоиш дода шуд.

Соли 1965 дар замони ҷанг Ҳиндустон ва Покистон намоиши филмҳои истеҳсоли ҳамдигарро дар қаламравҳои худ манъ карда буданд.

Филми «Аз барои Худо»-и Зуоб Мансур, ки нахустнамоишаш дар Бомбей баргузор шуд, таваҷҷӯҳи ситораҳои синамои Ҳиндустонро ҷалб кард.

Филми оқои Мансур дар Покистон, Бритониё ва Амрико ба навор гирифта шуда, қиссаи ду мусалмони покистониро рӯи навор овардааст, ки пас аз таркишҳои 11 сентябр талош доранд, то эътиқоди худро аз даст надиҳанд.

Ҳарду қаҳрамони филм – сарояндаҳои поп аз шаҳри Лоҳур мебошанд. Якеи онҳо зери таъсири ифротгароён мемонад, дигаре ба Амрико сафар мекнуад ва он ҷо бо гумони даст доштан дар ваҳшатафканӣ боздошт мешавад.

Коргардони филм, оқои Мансур, ки худаш низ зодаи Лоҳур будааст, гуфтааст, умедвор аст, ки филм ба ҳиндуҳо кӯмак хоҳад расонд, то ҳамсояҳои мусалмони худро бифаҳманд, ва ҳамчунин роҳи синамои Покистонро ба бозори сердаромади Ҳиндустон боз хоҳад кард. Коргардони филм гуфтааст, ҳарчанд дар Ҳиндустон шумори зиёди мусалмонҳо ба сар мебаранд, вале ӯ умед дорад, ки на танҳо онҳо ба тамошои ин филм биоянд.

Соли 1965 ҳукумати Покистон намоиши филмҳои ҳиндиро дар қаламрави худ ба сабаби даргириҳо барои Кашмир манъ карда буд. Ҳиндустон низ айни чунин иқдомро ҷавобан рӯи датс гирифт. Муносиботи ду кшвар соли 2004 ба эътидол омаданд ва соли 2006 нахустин филми ҳиндӣ дар Покистон намоиш дода шуд.

XS
SM
MD
LG