Пайвандҳои дастрасӣ

Зимбабверо интихоботи дувум дар пеш аст?


Дар матбуоти Зимбабве ҳанӯз натоиҷи интихобот нашр нашудааст

Дар матбуоти Зимбабве ҳанӯз натоиҷи интихобот нашр нашудааст

Бо гузашти инак як ҳафта аз интихоботи раёсатҷумҳурии Зимбабве то ҳол натоиҷи расмии ин маъракаи сиёсӣ нашр нашудааст.

Ба таъйиди Кумисиюни интихоботи Зимбабве, далели таъхир мушкилоти фаннист ва онҳо ба манзури тадқиқи натоиҷи интихобот ба фурсати бештаре ниёз доранд. Натоиҷи интихоботи порлумонӣ, ки рӯзи чоршанбе нашр шуд, ҳокӣ аз он аст, ки ҳизби ҳокими барои нахустин бор дар тӯли 28 сол аз замони эълони истиқлолияти ин кишвар назорати порлумонро аз даст додааст.
Ҳизби ҳокими Иттиҳоди Миллии Зимбабве – Ҷабҳаи ватандӯст ё худ, ZANU-PF – танҳо 97 курсӣ аз 210 курсии порлумонро ба даст овард ва ин ҳам дар ҳолест, ки мухолифин 109 курсии порлумони ояндаи кишварро соҳиб шудаанд.
Мухолифини президент Роберт Мугабе иддаъо доранд, ки интихоботи раёсатҷумҳуриро низ номзади онҳо, раҳбари Ҷунбиши ислоҳоти демократӣ Морган Тсвангираӣ бурдааст.
Ин ҳаракат эълом дошт, ки расман ба Додгоҳи олии Зимбабве шикояти оҷил бурда, нашри билофосилаи натоиҷи интихоботи президентиро тақозо кардааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки қаблан мухолифин мегуфтанд, ба низоми фасодзадаи додгоҳҳои Зимбабве чандон эътимод надоранд.
Тендаи Битӣ, дабири кулли Ҷунбиши ислоҳоти демократии Зимбабве, рӯзи душанбе гуфта буд: “Ба ҳамин далел, мо ба додгоҳ намеравем. Додгоҳи мо мардуми Зимбабве аст, додгоҳи мо бародарони мо дар Африқо ва дӯстони мо дар ҷомиъаи байнулмилалианд. Мо наметавонем ба додгоҳе биравем, ки пулмаст ва боғараз аст.”
Роберт Мугабеи 84-сола, ки баъди 28 соли раҳбариаш ба Зимбабве бори аввал бо чунин хатари сахти шикаст рӯбарӯ шудааст, рӯзи ҷумъа ҷаласаи бюрои сиёсии ҳизби ҳокими ZANU-PF-ро даъват кард. Ҳамин ниҳод бояд мавзеъи ҳизби ҳоким дар қиболи даври дувуми интихоботро маълум кунад.
Як мақоми ҳизби ҳоким ба хабаргузории «Ройтерс» гуфтааст, ки, бидуни шубҳа, Мугабе муборизаро дар даври дувум низ идома хоҳад дод. Ба гуфтаи ин мақом, онҳо қудратро бо ду дасти адаб ба Морган Тсвангираӣ нахоҳанд супурд, балки то охир мубориза бурда, ҳатман ғалаба ҳам хоҳанд кард.
Намояндагони ҳизби ҳоким ба сурати ғайриаланӣ дар даври аввал орои бештар ба даст овардани Морган Тсвангираиро эътироф мекунанд, вале мегӯянд, мизони ҳимоят аз вай ба андозае набуд, ки зарурати даври дувуми интихоботро аз байн бубарад.
Дар ҳамин ҳол, мухолифин ба пирӯзии комили номзади худ дар даври аввал исрор варзида, иддаъо мекунанд, ки зимоми қудрат бояд акнун бидуни чуну чаро ба Тсвангираӣ таҳвил шавад.
Тибқи қонунҳои Зимбабве, даври дувуми интихобот бояд 3 ҳафта баъд аз баргузории даври аввал сурат бигирад, ки ин ба таърихи 19-уми апрел рост меояд. Вале намояндагони ҳизби мухолифи Ҷунбиши ислоҳоти демократии Зимбабве бар инанд, ки раисиҷумҳури кунунӣ Роберт Мугабе ба хотири ҷилавгирӣ аз шикаст мехоҳад даври дувумро то 90 рӯз ақиб андозад.
Рӯзи ҷумъа дар кӯчаҳои марказии Ҳараре, пойтахти Зимбабве, нерӯи бузурги пулис мустақар шуда, шаби панҷшанбе 2 хабарнигори хориҷиро, ки ба гуфтаи мақомот, бидуни сабти расмии ном, дар бораи ҷараёни интихоботҳои ин кишвар гузориш медоданд, боздошт кардааст.
Рӯзномаи амрикоии “Ню-Йорк Таймз” дар як матлаби худ ишора намуд, ки ҳарду хабарнигори боздоштшуда барои ин нашрия кор мекарданд.
Кохи Сафед дар бораи боздоштҳои ахир изҳори нигаронӣ карда, хостори ҳалли ҳарчи зудтари вазъи пасоинтихоботӣ дар ин кишвари африқоӣ шудааст.
Иттиҳодияи Аврупо низ аз давлати Зимбабве қатъи боздошти хабарнигорон ва нашри ҳаддалимкон зудтари натоиҷи расмии интихоботи раёсатҷумҳуриро тақозо кардааст.
Иттиҳоди Аврупо умедвор аст, ки натоиҷи интихобот иродаи мардуми Зимбабверо мунъакис хоҳанд кард.
Таъхир дар амри нашри натоиҷи интихоботро Дейвид Миллибанд, вазири хориҷаи Бритониё низ ба боди интиқод кашидааст: “Таъхир дар амри эълони натоиҷро метавон фақат як амали амдӣ ва ҳисобшуда донист. Ин мояи бурузи гумонҳое мешавад, ки мақомот омода нестанд, иродаи мардумро бипазиранд”.
Роберт Мугабе, аз қаҳрамонҳои ҷанги озодихоҳии Зимбабве, раҳбарии ин кишвари африқоиро аз замони эълони истиқлолияташ дар соли 1980 дар тӯли инак 28 сол бар уҳда дошт. Вале расвоии иқтисодӣ, аз ҷумла камбуди шадиди ғизо дар бозорҳои кишвар ва мизони дар ҷаҳони муосир беназири таварруми пули миллӣ, ки ба 100 000 фоиз расида, доллари Зимбабверо ба беқурбтарин пули дунё табдил додааст, боиси аз даст рафтани маҳбубияти ӯ дар байни мардум ва шикасти ӯву ҳизбаш дар интихоботи рӯзи 29-уми март гардид.
XS
SM
MD
LG