Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Путин тавсиаи НАТО- ро хатар медонад


Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, аз мулоқот бо раҳбарони НАТО қаноатманд аст, ҳарчанд ихтилофоти назар миёни ҷонибҳо ҳамчунон боқӣ мемонад.
Владимир Путин ба нигарониҳои кишвараш аз тавсиаи Паймони Атлантики Шимолӣ дигарбора таъкид кард ва гуфт:
"Зуҳури паймони қавии низомӣ дар марзҳои мо, ки фаъолияти аъзои он аз ҷумла, бар асоси банди панҷуми Аҳдномаи Вашингтон таъйин шудааст, дар Русия ҳамчун хатари мустақим ба амнияти кишвари мо арзёбӣ мешавад. Ва баёнияҳо доир ба он ки тавсиа ба зидди Русия нигаронида нашудааст, моро қонеъ карда наметавонад. "
Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин дар рӯзи охирини нишасти НАТО дар шаҳри Бухарест ширкат варзид.

XS
SM
MD
LG