Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи Пекин


Баҳруллоҳ Раҷабалиев
Баҳруллоҳ Раҷабалиев

Маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш», ки ба Олимпиадаи Пекин-2008 бахшида шудааст, тақдими шумо мегардад. Ин ҳафта машъали Бозиҳои олимпии соли 2008 тавассути ҳавопаймо аз Юнон ба Чин оварда шуд.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ҳу Тсзинтао дар майдони марказии Тянанмени Пекин машъали Олимпиадаи 2008-ро фурӯзон кард. Сипас раҳбари Чин машъалро ба дасти қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ Лю Сян супурд.
Дар эстафетаи машъали олимпӣ дар таййи 130 рӯз ҳудуди 22 000 нафар аз 80 кишвари ҷаҳон ширкат хоҳанд кард. Машъали олимпӣ 20 кишвари 5 қорраи дунё ё худ 137 000 километрро тай намуда, 6-уми август боз ба Пекин бармегардад ва 8-уми август дар рӯзи ифтитоҳи расмии Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 ба варзишгоҳи олимпии пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид хоҳад шуд.
Алимаҳмад Мирзоев
Дар ҳоле, ки то оғози Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 беш аз чаҳор моҳи дигар мондааст, варзишгарони тоҷик низ ба он ҳамаҷониба омодагӣ мебинанд. То имрӯз 10 варзишгари Тоҷикистон дар 6 навъи варзиш ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Пекин мушарраф шудаанд. Се нафар муштзанҳо - Шералӣ Достиев дар вазни то 48 кг, Анвар Юнусов дар вазни то 51 кг ва Ҷаҳон Қурбонов дар вазни то 81 кг, 2 намояндаи варзиши сабук – гурзандозҳо Дилшод Назаров ва Галина Митяева, паҳлавонон Расул Боқиев (дзюдо) ва Юсуф Абдусаломов (гуштии озод), шиноварон Алишер Чингизов ва Екатерина Измайлова ва камонвар Албина Камолиддинова – шарафи Тоҷикистонро дар Олимпиадаи Пекин ҳимоя хоҳанд кард.
Марҳалаи омодагии варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи Пекин чи гуна ҷараён дорад? Дар ин мавзӯъ суҳбате дорем бо Баҳруллоҳ Раҷабалиев, раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ва Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон.
Паҳлавонони тоҷик дар риштаи гуштии дзюдо барои дарёфти роҳхатҳои олимпӣ талош хоҳанд кард. Мусоҳибаи мо бо Носир Бозоров, сармураббии дастаи мунтахаби дзюдои Тоҷикистон, низ ба шунавандагон пешкаш мешавад.
Барои шунидани барнома ишораи «аудио»-ро дар тарафи рости болои саҳифапахш кунед.
XS
SM
MD
LG