Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳу Ҷиаи 34-сола замони тӯлонист дар ҷунбишҳои мухталифи марбут ба ҳифзи ҳуқуқи инсон фаъолият мекунад.

Маҳкум шудани Ҳу аз ҷониби додгоҳи Пекин бори дигар ба тамоми ҷаҳон возеҳ нишон дод, ки ҳукумати Чин дар пешорӯи бозиҳои олимпӣ, ки қарор аст моҳи август дар Пекин доир гарданд, кӯшиш дорад садои дигарандешонро хомӯш кунад ва барои расидан ба ҳадафаш сиёсати сахтгиронаро пеш гирифтааст.

Ли Фангпинг, вакили мудофеъи Ҳу, таъкид кард, изҳоротҳои Ҳу, ки дар асоси онҳо шахси зери ҳимояташро маҳкум кардаанд, аз ҳанӯз 7 сол пеш интишор шуда будаанд. Ҳукумат ба он матолиб солҳои тӯлони дастрасӣ дошт ва танҳо феълан тасмим гирифт аз рӯи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз кунад. Николас Бекюлин аз созмони ҳомии ҳуқуқи башари “Ҳюман Райтс Вотч” мегӯяд, Ҳуро танҳо ба хотири бозиҳои Олимпӣ ба зиндон андохтанд ва маҳбас шудани вай бояд шасти боқии дигарандешонро бигирад ва садоҳои эътирозиашонро фурӯ нишонад.

Дипломатҳои хориҷӣ, хабарнигорон ва тамоми онҳое, ки ба додгоҳ барои шунидани ҳукм омада будаанд, бар ин ақидаанд, ки Ҳу Ҷиа қонуншиканӣ накардааст ва бидуни ягон гуноҳ муҷозот шуд. Ин дар ҳолест, ки мақомоти Чин ҳама гуна иртибот доштани муҷозот ба бозиҳои олимпиро қотеъона рад мекунад. Сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Чин Ҷиянг Ю эълом намуд, ки парвандаи Ҳу мутобиқи қавонини кишвар баррасӣ шудааст: “Мо наметавонем ба хотири Олимпиада аз иҷрои бандҳои қонун сарфи назар кунем. Мо мутмаинем, ки созмонҳои марбут низоми ҳуқуқии Чинро эҳтиром хоҳанд кард ва бо баҳонаи ҳифзи ҳуқуқҳои башар ба умури дохилии кишвар дахолат намекунанд”.

Дар ҳамин ҳол, моҳи гузашта, пеш аз маҳкум шудани Ҳу, дигарандеши дигар Янг Чунлӣ низ бо ҳамин иттиҳомот ҳабс шуда буд. Гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқ дар саросари ҷаҳон дар мавриди афзоиши ҳодисаҳои нақзи ҳуқуқи инсон ва маҳдудшудани озодиҳои шаҳрвандони Чин бонги хатар мезананд. Баъзе сарони кишварҳои Ғарб, аз ҷумла садри аъзами Олмон Ангела Меркел, эълон намудаанд, ки дар маросими ифтитоҳи бозиҳои Олимпии Пекин ширкат нахоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол, “Ҳюман Райтс Вотч” дирӯз ба кумисиюни ахлоқии кумитаи байнулмилалии Олимпӣ номае фиристода, кумисиюнро муттаҳам кардааст, ки он дар пешорӯи бозиҳои Олимпӣ нақзи қавонини байнулмилалӣ ва поймоли ҳуқуқҳои башар дар Чинро нодида мегирад ва аз изҳори нигаронӣ дар ин бора худдори меварзад.

XS
SM
MD
LG