Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки Миллӣ пули IMF-бармегардонад


Бонки Миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки 48 миллион доллари қарзи Сандуқи Байналмилалии Пулро аз ҳисоби захираҳои худ бармегардонад ва ин зиёне ба иқтисоди кишвар нахоҳад расонд. Бино ба гузориши хабарнигори Радиои Озодӣ раиси Бонки Миллӣ Шариф Раҳимзода имрӯз ба хабарнигорон гуфт, Бонки Миллӣ захираҳои кофӣ барои бозгардонидани он қарзҳоро дорад. Аввали моҳи март Сандуқи Байналмилалии Пул эълом кард, ки давлати Тоҷикистон барои гирифтани қарз, ба он созмон дурӯғ гуфта, захираҳои тилло ва арзии худро аз будаш зиёд нишон додааст. Аз ин хотир Сандуқи Байналмилалии Пул аз ҳукумати Тоҷикистон хост, 48 миллион долларри қарзро пеш аз мӯҳлат ба Сандуқи Байналмилалии Пул баргардонад.

XS
SM
MD
LG