Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО Укроинро дилгарм кард


Дабири кулли Паймони Атлантики Шимолӣ Яаап Де Ҳоп Схеффер мегӯяд, ин паймон бо ҳар роҳи мумкин ба Укроин кӯмак хоҳад кард, то бо анҷоми ислоҳот ба узвияти НАТО бипайвандад. Рӯзи панҷшанбе, 3 апрел раҳбарони НАТО эълом карданд, ки Укроин ва Гурҷистон рӯзе узви ин паймон хоҳанд шуд, ҳарчанд вақти муайяне барои ду кишвар таъйин накарданд ва онҳоро ба барномаи ислоҳот барои узвият дар НАТО напазируфтанд. Виктор Юшченко раиси ҷумҳури Укроин гуфт, дарк мекунад, ки барои расидан ба узвияти НАТО кишвараш чӣ чолишҳоеро дар пеш дорад.

XS
SM
MD
LG