Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хунрезӣ дар Лашкаргоҳи Афғонистон


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, имрӯз як бомбгузори маргталаб худро дар назди мошини пулис мунфаҷир карда, се афсари пулис ва ронандаи онҳоро куштааст. Муҳаммад Ҳусайн Андивал - раҳбари идораи пулиси шаҳри Лашкаргоҳ, гуфт, ҳамлаи мазкур дар як канори ин шаҳр ба вуқӯъ пайвастааст. Бар асари таркиш, ҳамчунин як корманди пулис ва ҳафт раҳгузар маҷрӯҳ шудаанд. Сухангӯи Толибон Юсуф Аҳмадӣ дар як тамоси телефонӣ аз маҳалли номаълум масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифтааст.

XS
SM
MD
LG