Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Беш аз 60 000 ҳектор киштзори Тоҷикистон мавриди ҳамлаи малахи марокашӣ қарор гирифтааст.

Дар ҳоли ҳозир эҳтимоли нобуд шудани майдонҳои кишти беш аз 20 ноҳия ба миён омадааст. Вазорати кишоварзии Тоҷикистон тазаккур мекунад, ки эҳтимоли паҳн шудани малах ба ҳудуди бештари киштзорҳои кишвар вуҷуд дорад.
Тибқи иттилоъи ин вазорат, ҳамлаи малахҳо ҳамакнун дар киштзорҳои навоҳии Қумсангир, Шаҳритус, ва Хуросони устони Хатлон, навоҳии Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва Зафарободи устони Суғд ва навоҳии марказии Тоҷикистон – Ҳисор, Рӯдакӣ ва Шаҳринав – хисорот ворид кардааст.
Баҳридин Саидмуродов, сардори идораи зироатпарварии вазоратии кишоварзӣ, мегӯяд, дар чанд соли ахир бо малахҳо мубориза накардани ҳукумати Тоҷикистон ба афзоиш ва паҳншавии малахҳо дар майдонҳои кишти ин кишвар боис шудааст.
Ӯ меафзояд, ки феълан ин вазорат ҷиҳати мубориза бо малах 3 ситоди махсус дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва навоҳии тобеъи марказ таъсис додааст, ки ҳудуди ҳазор нафар дар онҳо бо дастгоҳҳои заҳрпошӣ ва заҳрхимикатҳо таъмин буда, ба сурати шабонарӯзӣ фаъолият доранд. Оқои Саидмуродов ҳамчунин мегӯяд, вазорати кишоварзӣ барои аз роҳи ҳаво нобуд кардани малахҳо аз ҳавопаймову чархболҳо, истифода намекунад.
Ба ақидаи коршиносон малахи марокашӣ, ки ба киштзорҳои Тоҷикистон ҳамла овардааст, аз зумраи ҳашароти зиёнвари хавфнокест, ки дар сурати ба зудӣ маҳв накардани онҳо теъдодашон афзуда, чун сел ҳосили киштзорҳоро нобуд хоҳанд кард. Ба қавли коршиносон, дар гармии ҳаво ҳар як малах то 90 дона тухм мегузорад ва баъди як муддат теъдоди ба маротиб бештари ин ҳашарот ба зироатҳо ҳуҷум мекунад.
Аз ин ҷо, ба андешаи таҳлилгарон, кам будани теъдоди кормандони ситодҳои мубориза бо малах дар баробари ҳаҷми киштзорҳое, ки дар онҳо ин ҳашароти зараровар паҳн шудааст, бо таври дастӣ пошидани заҳрдоруҳо пеши ин офатро гирифта наметавонад.
Ба иддаъои таҳлилгари мустақил Хилватшоҳи Маҳмуд, тадбири вазорати кишоварзӣ ҷиҳати мубориза бо малахҳо номуваффақ анҷом меёбад. Оқои Маҳмуд мегӯяд, ки дар сурати то 10 – 15 рӯзи дигар нобуд нашудани малахҳо ҳаво гарм шуда, шумори малахҳо афзун мешавад ва теъдоди нокофии кормандони ситодҳои вазорати кишоварзӣ дар назди сели малахҳо оҷиз мемонад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Вазорати кишоварзииТоҷикистон то кунун ҳаҷми хисороти ҳамлаи малах ба киштзорҳои кишварро ҳисоб накардааст. Аммо коршиносон таъкидмекунанд, ки дар сурати ба зудӣ нобуд накардани малахҳо ҳосили имсолаи гандуму пахтаи Тоҷикистон батамом талаф меёбад.
Ҳамлаи малах ба киштзорҳои Тоҷикистон дар ҳолест, ки Маркази ҳавосанҷии ин кишвар соли равонро хушксолӣ эълом кардааст ва Созмони миллали муттаҳид гуфтааст, имсол ба Тоҷикистон буҳрони ғизо таҳдид мекунад. Ба ақиқаи коршиносони соҳа, агар ҳамлаи малахҳо саривақт ҷилавгирӣ нашавад, ҳосили киштзорҳои Тоҷикистон талаф ёфта, вазъи иқтисоди ин кишвар боз ҳам буҳронитар мешавад.
XS
SM
MD
LG