Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Ки-мун ба Русия сафар мекунад


Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Бан Ки-мун ҳафтаи оянда бо нахустин сафари расмӣ ба Маскав, пойтахти Русия сафар мекунад. Сухангӯи ӯ Мария Окабе дар ин бора мегӯяд, ин аввалин сафар ба Федерсиюни Русия аз замони Дабири кулл шудани Бан Ки-мун аст. Интизор меравад, ки ӯ дар Маскав бо раҳбарони ҳукумати Русия, аз ҷумла президент Владимир Путин, президенти мунтахаб Дмитрий Медведев ва вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров мулоқот хоҳад кард. Вай ҳамчунин бо раиси Думаи давлатӣ, сарони ҷомеаъаи маданӣ низ вохӯрда, дар Донишгоҳи Маскав суханронӣ хоҳад кард."
XS
SM
MD
LG