Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон ба IMF 6 даъфа дурӯғ гуфтааст.


Люк Мойерс - намояндаи Сандуқи Байналмилалии Пул, дар Душанбе гуфтааст, давлати Тоҷикистон шаш маротиба дар ихтиёри ин созмон иттилоъоти нодуруст гузоштааст. Дар мусоҳибае бо хабаргузории “Азия Плюс” Люк Мойерс гуфтааст, Бонки Миллии Тоҷикистон барои гирифтани қарз аз Сандуқи Байналмилалии Пул захираҳои тилло ва арзии кишварро беш аз будаш нишон дода ва ин захираҳоро ҳамчун замонат дар бонкҳои хориҷӣ гузоштааст, то аз онҳо барои сармоягузории соҳаи пахтапарварӣ қарз бигирад. Баъди ошкор шудани дурӯғҳои Тоҷикистон, созмони мазкур моҳи гузашта аз Тоҷикистон хост, 48 миллион доллар қарзи он созмони молиро пеш аз мӯҳлат баргардонад. Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода хатокориҳои давлат дар ҳамкорӣ бо Сандуқи Байналмилалии Пулро эътироф карда ва онро як амри маҷбурӣ барои таъмини суботи иқтисоди заъифи Тоҷикистон номидааст.

XS
SM
MD
LG