Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Жюл Верн" ба ҳадафаш расид


Нахустин киштии кайҳонии боркаш ва бидуни сарнишини Аврупо имрӯз ба истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ васл шуд. Фазонаварди боркаши Оҷонси Кайҳоншиносии Аврупо бо чандин тонна оксиген, маводи ғизоӣ ва об соати ҳафту чил ба вақти Душанбе ба Истгоҳи Байналмилалии Кайҳонӣ васл шуд. Киштии кайҳонии боркашро, ки ба хотири нависандаи маъруфи фаронсавӣ “Жюл Верн” номаш ниҳодаанд, 9 март бо мушаки Ориёно-5 ба осмон партоб карда буданд.
XS
SM
MD
LG