Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Алмаато Жаксибек Куликеев, раиси ширкати роҳи оҳани «Қазоқистон темир жули», аз ҷониби кормандони пулиси молии ин кишвар боздошт гардид.

Абдуралӣ Булибой, сухангуи ин ниҳоди интизомӣ, дар сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ боздошти сарвари ширкати «Қазоқистон темир жули»-ро таъйид намуд, вале бо назардошти оғози тафтишот сабабҳои боздоштро рӯшан накард. Оқои Булибой иброз дошт, ки алъон сабабҳои боздоштро нисбати идома доштани тафтишот баён карда наметавонад Вале вай ваъда дод, ки албатта дар ин бора то ҳафтаи оянда маълумот хоҳад дод.

Вале дар расонаҳои хабарии кишвар дар робитаи сабабҳои боздошти Жаксибек Куликеев, ки қаблан ба маснади вазирӣ низ расида буд, сару садоҳои гуногун ва зидду нақиз баланд гардиданд. Тибқи яке аз чунин овозаҳо Жаксибек Куликеев гӯё ҳангоми гирифтани ришва ба миқдори 100 ҳазор доллар боздошт гардидааст. Вале овозаҳое низ ҳастанд, ки гуё сарвари ширкати «Қазоқистон темир жули» мехост дар ин ширкати, ба гуфтаи аҳли назар, фасодзада низому тартиботе ҷорӣ намояд ва ӯро ҳатто аз номзадҳои эҳтимолӣ ба маснади нахуствазирӣ медонистанд.

Сиёсатшинос Досим Сатпаев дар ин робита он нуктаро, ки гуё Кулимкеев ҳангоми ришвагирӣ боздошт гардидааст, чандон ба воқеият наздик намедонад. Окои Сатпаев бар ин аст, ки ин як навъ муборизаи гурӯҳҳои дар ҳукумат мавқеъдошта аст барои ба даст овардани нуфуз дар ин ширкат. Сиёсатшинос таъкид намуд, набояд сарфи назар кард, ки зарба алайҳи Куликеев ин натиҷаи муборизаи гурӯҳҳои дар сатҳи боло ҷойгирифта аст, ки онон мехоҳанд ба ширкати «Қазоқистон темир жули» дастрасӣ дошта бошанд.

Ба гуфтаи сиёсатшинос, ин ширкат солҳои ахир сарчашмаи ҳар гуна моҷароҳо гардидааст ва он шабеҳи, ба истилоҳ, мурғи афсонавиест, ки тухми тилло медиҳад. Досим Сатпаев мегӯяд, дар ин ширкат имконоти фаровоне барои роҳандозии ҳар гуна найрангу тақаллуб ва фасод мавҷуд аст. Зеро «Қазоқистон темир жули» яке аз бузургтарин ширкатҳои кишвар аст ва он беш аз 18 ҳазор километр роҳи оҳанро дар ихтиёр дорад.

Вале Досим Сатпаев таъкид намуд, ки ба ҳеч ваҷҳ набояд боздошти Куликеевро чун мубориза алайҳи фасод талаққӣ намуд. Зеро дар кишвар алайҳи фасод муборизаи вокеӣ алъон сурат нагирифтааст ва ин мубориза асосан ба таври интихобӣ идома мекунад ва алайҳи фасод дар кишвар, ба гуфтаи сиёсатшинос, ғолибан онҳое мубориза мебаранд, ки худ олудаи фасоданд.

XS
SM
MD
LG