Пайвандҳои дастрасӣ

Посухи НАТО ба Укроину Гурҷистон


Дабири кулли Паймони Атлантики Шимолӣ Яаап Де Ҳоп Схеффер зимни нишасти сарони кишварҳои узви ин паймон гуфт, Гурҷистону Укроин ҳанӯз барои номзад ба узви НАТО шудан омода нестанд. Аммо гуфт Яаап Де Ҳоп Схеффер, ҳарду кишвар рӯзе узви НАТО хоҳанд шуд.

Ба қавли Яаап Де Ҳоп Схеффер, Паймони Атлантики Шимолӣ муколама дар сатҳи олиро барои расидагӣ ба масоили боқимондаи аризаҳои Укроину Гурҷистон шурӯъ хоҳад кард. Вай ҳамчунин эълом кард, ки НАТО тасмим гирифт, то расман Албания ва Хорватия барои пайвастан ба ин созмон даъват кунад. Пештар аз ин мақомоти расмӣ гуфтанд, ки Мақдуния то замоне, ки баҳси номаш бо Юнонро рафъ накунад, даъвати расмии узвият ба НАТО-ро намегирад.

XS
SM
MD
LG