Пайвандҳои дастрасӣ

Қимати орду нон боз гаронтар шуд


Дар Тоҷикистон қиммати маводи ғизоӣ дар як ҳафтаи ахир ба таври ногаҳонӣ боло рафта ва мояи ташвишу изтироби мардуми камбизоат шудааст. Қимати орд дар ин кишвар, ки ҳафтае пеш то 32 долларро ташкил медод, якбора се доллар афзуда ва ба 35 доллар расидааст. Қимати гӯшт низ ду дучанд боло рафта ва аз марзи 6 доллар ҳам гузаштааст. Хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, имрӯз раиси ҷумҳури Тоҷикистон дастур додааст, то аз болоравии, ба гуфтаи раисиҷумҳур, "сунъӣ"-и қиматҳо пешгирӣ шавад. Моҳи августи соли гузашта дастури мақомоти Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз болоравии нархи маводи ғизоӣ натиҷаи баръакс дода ва сабаби камии арзаи маҳсулот ба бозор ва ҳамингуна болотар рафтани қимати онҳо шуд.

XS
SM
MD
LG