Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди нахуствазири Ироқ ба тундравон


Нахуствазири Ироқ Нурӣ Ал Моликӣ мегӯяд, ният дорад, онгуна ки дар шаҳри Басра кард, барои саркӯбии ба гуфтаи ӯ “унсурҳои ҷинояткор” дар саросари Ироқ амалиёти бештар анҷом диҳад. Ал-Моликӣ аз ҷумла ба шаҳрҳои Садр ва Шула ишора кард, ки такягоҳҳои аслии Артиши Маҳди рӯҳонии шиъамазҳаб Муқтадо Садр мебошанд. Айни ҳол фармондеҳи артиши Амрико гуфтааст, ки ҳанӯз наметавон гуфт, ки нерӯҳои амниятии Ироқ дар ҷанг ба зидди тундравони шаҳри Басра пирӯз шудаанд.

XS
SM
MD
LG