Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаронса хостаи Канадаро иҷро кард


Давлати Канада мегӯяд, қасди Фаронса барои фиристодани нерӯҳои изофӣ ба Афғонистон роҳи Канада барои нигаҳ доштани нерӯҳояш дар Афғонистонро боз кард. Раиси ҷумҳури Фаронса Николя Саркозӣ имрӯз дар ҳамоиши паймони НАТО дар шаҳри Бухарест таъйид кард, ки кишвараш ба Афғонистон садҳо сарбози тозанафас мефиристад.
Эъзоми нерӯҳои нав хатари берун шудани нерӯҳои Канада аз ҷануби Афғонистонро рафъ кард, чун Канада таҳдид карда буд, дар сурати нафиристодани 1000 нерӯи дигари НАТО ба Афғонистон 2500 сарбозашро аз ин кишвар берун мекашад. Акнун интизор меравад, ки нерӯҳои Канада то соли 2011 дар Афғонистон бимонанд.

XS
SM
MD
LG