Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хона дар Душанбе арзон мешавад?


Ин сохтмон дар Душанбе нест, балки дар Торонтои Канада аст.

Ин сохтмон дар Душанбе нест, балки дар Торонтои Канада аст.

Шаҳрдории Душанбе ҷиҳати коҳиш додани қиммати манзил дар пойтахти Тоҷикистон тарҳи наверо руи даст гирифтааст.

Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдории Душанбе гуфт, ҳукумати Душанбе бо ин мақсад низомномаи ҷалби сармоя ба сохтмони манзилро ба тасвиб расонидааст, ки он имкони саҳмгузории сокинони пойтахти Тоҷикистонро ба сохтмони манзил фароҳам месозад. Вай гуфт, шаҳрвандон тибқи ин низомнома қаблан ба сохтмони манзил сармоягузорӣ намуда, бо нархи арзон баъди анҷоми сохтмон соҳиби хона мешаванд.

Ба гуфтаи оқои Саидов, ҳар кас, ки мехоҳад, хона харидорӣ кунад, бо идораи сохтмони шаҳрдории Душанбе шартнома баста, 50 дарсади пули хонаро қаблан ба суратҳисоби махсуси шаҳрдорӣ месупорад ва 50 дарсади боқиро баъд аз анҷоми сохтмони манзил давра ба давра пардохт хоҳад кард.

Оқои Саидов афзуд, арзиши ҳар хонаро идораи сохтмони шаҳри Душанбе пас аз хулосаи Оҷонсии сохтмон ва меъмории Тоҷикистон муайян мекунад ва баъд аз анҷоми сохтмон сармоягузор соҳиби манзил хоҳад шуд.

Чунин иқдоми шаҳрдорӣ дар ҳолест, ки дар ин шаҳр қиммати манзил сол аз сол гарон мешавад. Агар соле пеш қиммати як хонаи дуҳуҷрагӣ дар биноҳои баландошёнаи пойтахти Тоҷикистон 20 ҳазор доллари амрикоӣ буд, алъон қиммати он як баробар афзуда, ба 40-50 ҳазор доллари амрикоӣ расидааст. Қимати хонаи сеҳуҷрагӣ дар маркази шаҳри Душанбе аз 90 ҳазор доллари амрикоӣ бештар аст ва баҳои як ҳавлӣ аз 200 ҳазор ҳам зиёд аст.

Коршиносон мегуянд, чунин тадбири шаҳрдории Душанбе наметавонад қиммати манзилро поин бибарад. Ба қавли таҳлилгарон, сохтмонҳои манзил дар баробари мардуми беманзили Душанбе ниҳоят кам будааст ва талаботи аҳолиро бо хона таъмин намекардааст.

Беҳзоди Исомуддин, таҳлилгари мустақил мегуяд, хонаҳое ки шаҳрдорӣ месозад қиммати баланд доранд, ва сокинони камбизоати Душанбе имкони хариди онро надоранд. Оқои Исомуддин мегуяд, қиммати як хонаи дуҳуҷрагӣ аз руи лоиҳаи шаҳрдорӣ аз 70 ҳазор доллари амрикоӣ баланд асту ҳаҷми миёнаи маош дар кишвар 30-40 доллар аст. Ба гуфтаи ӯ, аз ин сабаб хариди чунин манзилҳо, барои аксар шаҳрвандони тоҷик дастнорас боқӣ мемонад. Таҳлилгарон мегуянд, афзоиши аҳолӣ ва талабот ба манзил дар баробари кам бунёд шудан ё аслан сохта нашудани манзилҳои истиқоматӣ боиси боло рафтани қиммати манзил дар Душанбе шудааст.

Шаҳрдории пойтахт дар арафаи ҷашни Наврӯз дар Душанбе 8 бинои нуҳошёнаи манзилӣ сохта ва ба истифода дод, қиммати ҳар як метри мураббаъи ин манозил аз 400 доллари амрикоӣ бештар будааст. Коршиносон мегуянд, ба истифода додани ин биноҳо арзиши манзилро дар Душанбе коҳиш надодааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG