Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи ҳузури ҳарбии Канада дар Афғонистон


Канада мегӯяд, паси аз тасмими Фаронса, ки ба Афғонистон нерӯи бештар мефиристад, ҳузури низомии худро дар Афғонистон идома хоҳад дод. Тасмими Фаронса дар иҷлоси сарони НАТО дар Бухорест эълон шуд. Сухангӯи НАТО Ҷеймс Аппатурай гуфт: "Ман тасдиқ мекунам, ки ҳукумати Фаронса саҳми ҷиддии ҳарбии худро барои амалиёт дар Афғонистон пешниҳод кард. Ин саҳм бахши шарқии кишварро дар бар мегирад. Иёлоти Муттаҳида бар пояи ин тасмим розӣ шуд ба ҷануб нерӯ фиристад. Ин нерӯҳо талаботи Канадаро барои ҳамдастӣ дар ҷануб қонеъ мекунанд ва ба он имкон медиҳанд, саҳми зарурӣ бигирад, ҳамчунин аз лиҳози таҷҳизот ва ҳузури худ дар Афғонистонро то соли 2011 тамдид кунад." Қарор аст, президенти Афғонистон Ҳомид Карзай низ дар нишасти сарони НАТО ширкат кунад.
XS
SM
MD
LG