Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дума "наслкушӣ"-и солҳои 30-ро напазируфт


Порлумони Русия "қатли ом" номида шудани қаҳтии солҳои сиюмро дар Укроини шӯравӣ рад кард. Дар қатъномаи Думаи давлатии Русия гуфта мешавад, набояд аз гуруснагӣ ва маргумири одамон дар он давра ба ҳайси силоҳи сиёсӣ истифода кард. Таърихнигорон бар инанд, ки ин қаҳтӣ ба таври сунъӣ аз тарафи ҳукумати шӯравии Иосиф Сталин созмон ёфта буд , ки кишоварзонро ба иттиҳод дар колхозҳо маҷбур кунад. Мақомоти Укроин мегӯянд, дар ин тавтеъа дар солҳои 1932 ва 1933 наздик ба 10 миллион нафар аз аҳолии Укроин ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG