Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иёлоти Муттаҳида пасрафти иқтисодиро эътироф кард


Раиси низоми федероли захираҳо ва ё хазинадори Амрико, Бен Бернанке, мегӯяд, мумкин аст дар нимаи аввали имсол иқтисодиёти Иёлоти Муттаҳида ба пасрафт рӯбарӯ шавад. Ин нахустин бор аст, ки мақомоти давлати Амрико имкони таназзул дар иқтисодиёти кишвари худро иқрор мекунанд. Пасрафти иқтисодӣ бар асари бӯҳронҳои молӣ ва манзил ба миён омадааст. Аммо Бернанке афзуд, бар асари вокунишҳо ва сиёсатҳои нави ҳукумат дар нимаи дувуми сол иқтисодиёти Амрико рӯ ба рушд хоҳад ниҳод.
XS
SM
MD
LG