Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифон порлумони Зимбабверо ба даст оварданд


Натиҷаҳои расмии интихоботи Зимбабве нишон медиҳанд, ки ҳизби президент Роберт Мугабе назоратро ба порлумони кишвар аз даст додааст. Ҷунбиши асосии мухолифон бо номи Таҳаввули демократӣ ҳамчунин гуфт, дар интихоботи президентии рӯзи шанбе низ раҳбари он, Мургон Тса Вангирай пирӯз шудааст. Аммо ҳукумат ин иддаъоро рад мекунад. Мугабе 28 сол боз президент мебошад, аммо солҳои охир ҳукуматаш бо иттиҳоми шикасти иқтисодиёт ва фишор ба мардум рӯбарӯст.
XS
SM
MD
LG