Пайвандҳои дастрасӣ

Эълони истеъфои сарвазири Ирлонд


Сарвазири Ирлонд Берти Аҳерн эълон кард, ки аввали моҳи май пас аз 11 соли сарвазирӣ аз мақоми худ канор хоҳад рафт. Истеъфои Аҳерн дар ҳоле эълон мешавад, ки додгоҳ ӯро ба фасоди молӣ айбдор мекунад. Ҳангоми тафтиш дар ҳисоби бонкии ӯ 150 000 доллари бесанад кашф шудааст. Аҳерн иттиҳомро рад мекунад ва мегӯяд, мақсад аз истеъфо мунҳариф нашудани кори ҳукуматаш мебошад. Дар давраи сарвазирии Аҳерн Ирлонд ба рушди бесобиқаи иқтисодӣ даст ёфт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG