Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти НАТО ҳамин лаҳзаҳо оғоз мешавад


Нишасти сарони паймони низомии НАТО ҳамин лаҳзаҳо дар Бухарест оғоз ба кор мекунад.

Хорватия, Албания ва Мақдуния умедворанд, ки дар рӯзи дуввуми ин нишаст ба узвияти НАТО бипайванданд.

Аммо ба узвияти Мақдуния Юнон мухолиф аст. Юнон мегӯяд, Мақдуния исми як вилояти Юнонро ба худ гирифтааст ва бояд табдили ном кунад.

Эъзоми нирӯи бештари НАТО ба Афғонистон ва ба Барномаи узвияти ин паймони низомӣ ҷалб кардани Украинаву Гурҷистон аз дигар масоили матрӯҳа дар нишасти Бухарест ном бурда мешаванд.

XS
SM
MD
LG