Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сокинони деҳаи Заҳам, воқеъ дар канори рӯди Диёла дар қабрҳои дастаҷамъии боғи анор 52 ҷасад пайдо кардаанд.

Гузоришгари Радиои Озодӣ дар Ироқ Ричард Томкинс мегӯяд, ин натиҷаи ҳукмронии ал-Қоидаи Ироқ дар ин деҳа мебошад ва шояд дар боғҳои боқимондаи Заҳам боз ҷасадҳои дигар пайдо шаванд.

Аввалин ҷасадро дар боғи анори деҳаи Заҳам 26 март ёфта буданд. Як сокини ин деҳа, ки муддатеро дар зиндони ал-Қоидаи Ироқ сипарӣ карда буд, мебоист дар ҳамин боғ кушта шавад, вале ӯ бо муваффақият фирор намуда, ҳамроҳ бо сарбозони амрикоӣ ба зодгоҳаш баргашт.

Сокинони деҳа довталабона ба кумаки сарбозони амрикоӣ баромада, дар давоми ду соат аз се қабри дастаҷамъии боғи ёдшуда 52 ҷасадро берун кашиданд.

Деҳаи Заҳам дар 5-километрии шимоли шаҳри Ҳимбуси вилояти Диёла қарор дорад. Вақте ал-Қоидаи Ироқ вилояти Диёларо ба ном Маркази давлати исломии хилофати Ироқ эълон кард, Ҳимбус ба маркази тамрини ҷангҷӯён, нигаҳдошти силоҳ ва транзит табдил ёфт. Шайхи деҳа Аббос Ҳусайн Халаф мегӯяд, силоҳбадастони ал-Қоидаи Ироқ ҳангоми вуруд ба минтақа худро муҷоҳид номида, исрор меварзиданд, ки бар зидди таҷовузгарон қиём кардаанд. Вале ба қавли шайх баъди муддати кӯтоҳе онҳо террори аҳолиро шурӯъ карданд. Силоҳбадастони ал-Қоидаи Ироқ афроди марбут бо артиш ва полиси ин кишварро ҷазо доданд.

Шайх меафзояд, онҳо шунидани мусиқӣ, кашидани сигор ва баргузории тӯйҳои арӯсиро манъ карданд. Занҳо мебоист зери бурқа ба кӯча бароянд. Аслан ба гуфти сокинони деҳаи Заҳам силоҳбадастон дастур доданд, ки касе баъди соати 5-и шом ба берун набарояд.

Чандин нафар дар мазҳари ом кушта шуданд. Аз он бадтар силоҳбадастони ал-Қоида мардуми зиёдро рабудаанду хешовандонашон то ҳанӯз дар бораи сарнавишти онҳо хабаре надоранд.

Худи шайх Аббос ҳам ба эъдом маҳкум шуда буд, вале бо кумаки ҳамдеҳагонаш аз минтақа фирор карду баъзан пинҳонӣ барои аёдати наздиконаш ба деҳа меомад.

Фармондеҳи амрикоӣ капитан Винс Моррис тахмин мекунад, ки дар боғҳои деҳа боз чандин қабри дастаҷамъии дигар ҷойгир мебошанд.

Зани солхӯрда Карини Марзӣ аш-Шумарӣ ҳамроҳ бо сарбозони амрикоӣ ба ин деҳа омад. Писари 42-солаи ӯ Муҳаммадҷобирро барои саркашӣ аз хидмат дар сафҳои ал-Қоидаи Ироқ силоҳбадастон бо худ бурданд. Хонум аш-Шумарӣ даст ба боло бардошта, ба сарбозон мегӯяд, "агар ал-Қоидаро пайдо кардед, онҳоро қатл кунед". Занони дигар ҳам аксҳои фарзандони беному нишон шудаашонро боло бардошта фиғон доранд.

Дар ин байн сокинони деҳа ҷасадҳоро аз қабрҳои дастаҷамъӣ берун ва кафанпеч намуда, дар қабристони маҳаллӣ тибқи анъанаҳои мусулмонӣ ба хок месупоранд.

XS
SM
MD
LG