Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи парлумони Зимбабверо мухолифин бурдаанд


Натоиҷи расмии интихоботи парлумонии Зимбабве ҳокист, ки 105 курсӣ аз ҷамъи 210 курсии маҷлиси ин кишвари воқеъ дар ҷануби Африқоро мухолифин ба даст овардаанд. Ҳизби ҳокими президент Роберт Мугабе танҳо ба 94 курсӣ соҳиб шудааст.

Ҷунбиши ислоҳоти демократии Зимбабве ҳамчунин эълон кард, ки раҳбараш Морган Тсвангираӣ дар интихоботи раёсати ин ҷумҳурӣ, ки ҳамроҳ бо интихоботи парлумонӣ рӯзи шанбеи гузашта доир шуд, президенти кунунӣ Роберт Мугаберо шикаст додааст. Мугабеи 84-сола аз замони эълони истиқлолияти Зимбабве дар соли 1980, инак, 28 сол боз зимоми раҳбарии ин кишварро бар ӯҳда дорад.

Зимбабве аз фақиртарин кишварҳои ҷаҳон маҳсуб шуда, мизони таварруми пули миллии ин кишвар – доллари Зимбабве – дар ҷаҳони муосир собиқа надошта, ба 100 000 фоиз расидааст.

XS
SM
MD
LG