Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мошинҳои ростчанбар мамнӯъ шуд


Сар аз якуми апрел дар Тоҷикистон ҳаракати мошинҳои ростчанбар мамнӯъ шудааст. Ин иқдом бар асоси ворид кардани тағйирот ба қонуни ҳаракат дар роҳҳои Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Аммо дар ҳоле, ки теъдоди зиёди мошинҳои ростчанбар дар ин солҳои ахир ворид шуда, ва феълан низ мавриди истифода қарор гирифтааст, боиси нигаронӣ ва норозигии соҳибони ин қабил мошинҳо қарор гирифтааст.

Темур Одинаев, як нафар ронандаи мониши ростчанбар мегӯяд, аз тасвиб ва мавриди амал қарор гирифтани тағйирот ба қонуни ҳаракат дар роҳҳои Тоҷикистон, ки ҳаракати мошинҳои ростчанбарро мамнӯъ мекунад, иттилоъ надорад.

Қонуни мазкур сар аз якуми апрел ва пас аз нашри он дар нашрияи расмии «Ҷумҳурият» мавриди амал қарор гирифтааст. Дар шумораи якуми апрели рӯзномаи «Ҷумҳурият» тағийру иловаҳои воридшуда ба қонун дар бораи ҳаракати роҳ нашр шудааст ва ба моддаи 24 ин қонун ба таври зайл иловаҳо ворид гардидааст: ««Барои иштирок дар ҳаракат дар роҳ ба воситаҳои нақлиёти маҷмўи идоракуниашон аз тарафи рост иҷозат дода намешавад».

Аммо рӯзи дуввуми апрел ҳаракати мошинҳои ростчанбар дар ҷодаҳои Душанбе дар қиёс ба рӯзҳои гузашта тақрибан бе тағйир буд. Кормандони раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ низ дар ҳузури тақрибан 2-соатаи мо кадом як мошини ростчанбарро низ бо иллати мухолифат ба тағийрот ба қонуни ҳаракат дар роҳҳо манъ ва ҷарима ҳам накарданд. Ва мавриди сӯҳбат ҳарчанд аз огаҳии худ ҷиҳати манъи ҳаракати мошинҳои ростчанбар дар қоунуни нави ҳаракат дар ҷодаҳои кишвар хабар доданд, вале таъкид карданд, ки дар робита аз мақомоти болоии раёсати бозрасии автомобилӣ дастури манъи ҳаракати ин қабил мошинҳоро дарёфт накардаанд.


Аммо бар тибқи иттилои манобеи Вазорати дохилаи Тоҷикистон баробар бо мавриди амал қарор гирифтани тарҳи нави қонун дар бораи ҳаракат дар роҳҳо соҳибони мошинҳои ростчанбар бояд рақамҳои давлатии нақлиёти худро ба мақомоти бозрасии давлатии автомобилӣ бозгардонда, чанбари мошинҳоро ба чап иваз карда ва дубора сабтином карда ва баъдан иҷозаи истифода ин мошинҳоро пайдо хоҳанд намуд.

Ин дар ҳолест, ки манъи ҳаракати мошинҳои ростчанбар дар баробари ронандаҳо соҳибкорони воридкунандаи ин қабил мошинҳоро ба ташвиш овардааст. Зӯҳро Алиева, як соҳибкор ва сокини Душанбе мегӯяд, ӯ дар моҳи январи соли ҷорӣ 12 мошини ростчанбарро барои тиҷорат ба Тоҷикистон ворид кардааст, боҷи гумрукии ин нақлиётро пардохт кардааст, аммо феълан мақомоти раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ аз сабтином ва додани рақами давлатӣ барои ин мошинҳо худдорӣ мекунад ва бо ин иллат ӯ намедонад бо ин нақлиёти худ чӣ кунад.

Хонум Алиева меафзояд, ҳатто мавридҳое ҳаст, ки бештарин мошинҳои ростчанбари дар хориҷи кишвар ба чанбари чап ивазкардаро дар мақомоти бозрасии давлатии автомобилӣ сабти ном намекунанд ва ҳам рақами давлатӣ намедиҳанд.

Бар тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, феълан, дар кишвар наздики 13 ҳазор мошинҳои ростчанбар ворид шуда ва бештарини онҳо мавриди истифода қарор дорад. Ва иваз кардани чанбари рост ба чанбари чапи мошинҳо дар марказҳои тармими нақлиёт то ба ҳудуди ду ҳазор доллари амрикоӣ баробар аст, ки ба гуфтаи тоҷирон арзиши ин қабил мошинҳоро гаронтар ва кафолати техникии онро заъифтар месозад.

XS
SM
MD
LG