Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳадаф аз дидору гуфтугуҳои Памела Спратлен, қоиммақоми ёвари муовини вазири хориҷаи Амрико дар умури Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ бо мақомоти Тоҷикистон ошноӣ бо вазъи иқтисодии ин ҷумҳурӣ ва ҳалли кашмакашҳои лафзӣ миёни Сандуқи байналмилалии пул ва мақомоти Тоҷикистон буд.

Хонум Спратлен аз натоиҷи ҳамкории номусбати мақомоти Тоҷикистон бо IMF изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, «Мо норизоиятии худ дар ин заминаро ба мақомоти Тоҷикистон ироа кардем, ки ин ҳамкории номусбат боис шудааст, ҷомеаи ҷаҳонӣ эътимод ба давлати Тоҷикистонро аз даст диҳад. Мақомоти Тоҷикистонро зарур аст, ки талош кунад, то дубора мавриди эътимоди ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирад.»

Хонум Спратлен гуфт, дар гуфтугуҳои вай бо мақомоти раёсати ҷумҳурӣ ва вазорати хориҷа мавзӯъи дилсардиҳои IMF аз мақомоти Тоҷикистон, ки бо ироаи иттилооти ғайривоқеӣ кӯмакҳои молиро ба даст овардаанд, баррасӣ шуд. Ӯ гуфт, Амрико бар он аст, ки мақомоти Тоҷикистон бояд шартҳои IMF-ро муроот ва ин муноқишаро ҳал кунанд.

Ахиран, IMF аз мақомоти Тоҷикистон тақозо кард, ки беш аз 47 миллион доллар кӯмакҳои бо ироаи иттилооти ғайривоқеӣ ба даст овардааш аз ин созмонро баргардонад. Сандуқи байналмилалии пул ба шаффофияти тавлид ва фурӯши алюминиюм дар Тоҷикистон шак дорад. Ин дар ҳолест, ки ба қавли Ҷон Ҳелмер, хабарнигори инглис IMF собит кардааст, ки бахши аъзами пули ба дастомада аз фурӯши алюминиюм на ба буҷаи давлат ворид мешавад, балки ба ҳисобҳои ҷории бархе аз мақомоти Тоҷикистон дар бонкҳои хориҷӣ сарозер мешавад.

Иддаои дигари IMF ин аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон захоири арз ва тиллоро ғайривоқеӣ нишон дода, ба ин васила аз чанд ниҳоди сармоягузор кӯмакҳои молӣ ба даст овардааст.

Хабарнигорон аз хонум Спратлен пурсиданд, ки оё Амрико метавонад ба Тоҷикистон ба гунае фишор ворид кунад, то мақомоти ин ҷумҳурӣ ба ҷои эҳдоси меҳмонхона ва қасрҳои бошукуҳ шабакаҳои обрасон дар Душанберо таъмир кунанд? Хонум Спратлен дар посух ба ин суол гуфт, «Мутаассифона, ман дар бораи арқому далоили ироакардаи шумо иттилои дақиқ надорам. Вале ман мутмаинам, ки ҳар як давлат бояд бо дарназардошти тавони молии худ фаъолият кунад. Ва ин фаъолият бояд пеш аз ҳама ба нафъи мардумаш бошад. Ин вазифаи асосии ҳар як давлат аст».

Памела Спратлен гуфт, ҳадаф аз дидору гуфтугуҳояш бо мақомоти Вазорати дифоъи Тоҷикистон баррасии масоили амниятӣ дар минтақа, ва авзоъ дар Афғонистон буд. Ӯ қабл аз ба Тоҷикистон ворид шудан аз Тошканд дидан кард. Ӯ изҳори хушнудӣ кард, ки мақомоти Узбакистон ба Амрико иҷозат додаанд, то аз маркази низомии Олмон, воқеъ дар Тирмиз ба мақсадҳои ғайринизомӣ истифода кунанд, ки ба фаъолияти нерӯҳои Эътилофи байналмилалӣ ва шаҳрвандони Амрико дар Афғонистон бастагӣ дорад.

XS
SM
MD
LG