Пайвандҳои дастрасӣ

Машъали олимпӣ дар Қазоқистон


Машъали олимпӣ имрӯз саёҳаташ ба 20 кишвари ҷаҳонро аз Қазоқистон оғоз кард. Дар маросими хосе дар минтақаи лижаронӣ дар ҷануби Алма-Ато президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар ҳузури ҳазорон тамошобин машъали олимпӣ дар даст тақрибан 100 метр давид ва сипас машъали олимпиро ба қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 2004 муштзан Бахтиёр Ортаев супурд.

Машъали олимпӣ бояд 20 кишвари ҷаҳонро тай карда, дар авоили моҳи август дар Пекин, макони баргузории Бозиҳои имсолаи тобистони олимпӣ фурӯзон карда шавад.

XS
SM
MD
LG