Пайвандҳои дастрасӣ

ADB соҳоти сармоягузориашро коҳиш медиҳад


Намояндаи доимии Бонки Рушди Осиё Макото Оҷиро имрӯз дар Душанбе ба хабарнигорон гуфт, ки Бонки Рушди Осиё соҳоти сармоягузориаш ба иқтисоди Тоҷикистонро коҳиш медиҳад, вале ин иқдом ба ҳаҷми сармоягузориҳо ба иқтисоди ин кишвар таъсире нахоҳад дошт. Макото Оҷиро гуфт, Бонки Рушди Осиё маблағгузории риштаҳои кишоварзӣ, зербинои нақлиётӣ ва энержиро, ки аҳамияти минтақавӣ доранд, идома хоҳад дод.

Вай афзуд, як тарҳи наве дар ҳоли баррасӣ қарор дорад, ки иттихози 40 миллион доллар ба хотири мусоъидат ба ҳалли мушкили қарзи хоҷагиҳои пахтакори Тоҷикистонро дар назар гирифтааст. Дар ҳоли ҳозир, қарзи хоҷагиҳои пахтакори Тоҷикистон аз бонкҳо ва ширкатҳои фючерсӣ наздики ним миллиард доллар баровард мешавад.

XS
SM
MD
LG