Пайвандҳои дастрасӣ

Русия мухолифи ба СММ пайвастани Косовост


Вазири хориҷаи Русия имрӯз дар Думаи давлатӣ ҳамчунин гуфт, Маскав ба узвияти СММ пайвастани Косоворо иҷозат нахоҳад дод. Лавров гуфт, Русия бо истифода аз салоҳиятҳояш ба ҳайси узви доимии Шӯрои Амнияти СММ монеъи пайвастани Косово ба ин созмон хоҳад шуд.

Косово дар моҳи феврал эълони истиқлолият кард. Амрико ва бисёре аз кишварҳои Аврупо Косоворо алакай ба расмият шинохтаанд, вале Сербистон ва муттаҳиди таърихиаш – Русия истиқлолияти ин сарзамини дар гузашта тобеъи Сербистонро радд мекунанд.

XS
SM
MD
LG